Бе ту як рӯз буд натавонам

Бе ту як шаб ғунуд натавонам

Ёри ҷуз ту гирифт натавонам

Номи ҷузи ту шунӯд натавонам

Чун туро дар хур ту биситойам

Дигаронро ситуд натавонам

Кишти дигар батон надорад бар

Кишт бе бар дуруд натавонам

Гар батон замона ҷамъ шаванд

Бар ту касро фузуд натавонам

Ҷуз ба фари ту эй амир батон

Гӯии давлат рабӯд натавонам

Ҳамаи шодии ман з дидани тест

Ҷуз ба ту шод буд натавонам

Ба забони ҳоли дил ҳаме гӯям

Гар ҳамеи дил рабӯд натавонам