Бе ту эй ороми ҷонами зиндагонӣ чун кунам

Чун ту пеш ман набошӣ шодмонӣ чун кунам

Ҳар замон гӯйанд дил дар меҳри дигари ёри банд

Подшоҳӣ карда бошам посбонӣ чун кунам

Доштӣ дар бар маро акнӯн ҳамон бар дар задӣ

Чун зи ман сайр омадӣ рафтам гаронӣ чун кунам

Гар бихонӣ вар бароне бар миннат фармон равост

Гар бихонӣ банда бошам вар бароне чун кунам

Ҳар шабӣ гӯям ки хӯн худ бирезам дар фироқ

Боз гӯям ин ҷаҳон ва он ҷаҳонӣ чун кунам

Будам андари васли ту соҳибқирони рӯзгор

Чун фироқ омад кунун соҳибқиронӣ чун кунам

Ҳаст оби зиндагонӣ дар лаби ширини ту

Бе лаби ширини ту ман зиндагонӣ чун кунам

Сохтам бо ошиқон то сӯхтам дар ошиқӣ

Пас кунун бе рӯй хубати Комронӣ чун кунам

Ҳам қазои осмонӣ аз ту дар ҳиҷрам фиканд

Длброи ман дафъи ҳукми осмонӣ чун кунам

Бар ҷаҳони васли бории бандаро маншури даҳ

Тот бинмоем ки ман фармони равонӣ чун кунам

Ман чу Мӯсо мондаам андари ғами дидори ту

Ҳеҷ доне то алоҷи лнтароне чун кунам

Нестам Хизр паямбар ҳаст ин муфаххари маро

Чорау дармони оби зиндагонӣ чун кунам

Мари марои гӯйӣ ки перонро нзибди ошиқӣ

Пер гаштем дар ҳавои ту ҷавонӣ чун кунам