Бе суҳбати ту ҷаҳон нахоҳам

Бехушнӯдят ҷон нахоҳам

Гар ҷону равон ман бихоҳӣ

Як дам заданат амон нахоҳам

Ҷонро бидиҳам ба хизмати ту

Ман хизмат ройгон нахоҳам

Ризвону биҳишту ҳуру айн ро

Бе рӯй ту ҷовдон нахоҳам

Бар ман ту нишон хеш кардӣ

Ҳқо ки ҷузи ин нишон нахоҳам

Бегона буд миёни мо ҷон

Бегонаи дарин миён нахоҳам

Ман ишқ ту кардам ошкоро

Ишқ чу туе ниҳон нахоҳам

Ҳар гуҳ ки марои ту ёр бошӣ

Ман ёрии ин ва он нахоҳам

Ту судӣ ва дигарон зиёнанд

То суд буд зиён нахоҳам

Акнӯн ки марои аён яқин шуд

Зини пас ба ҷуз аз аён нахоҳам