Банди таркиши як замон эй тарки зебо боз кун
Бо раҳеи як дам бисозу хуррамиро соз кун
Ҷомаи ҷанг аз сар худ баркашу хуш табъ бош
Хонаи лаҳву тарабро як замон дар боз кун
Чанд гуҳ дар разми шаҳ парвоз кардӣ гирди хасм
Гирди ҷом май кунун дар базми мо парвоз кун
Як замон бо ишқи худ май хуру дилшоди зӣ
Туркӣ ва мастӣ макун чандон ки хоҳӣ ноз кун
Нози таркони хуш буд чандон ки дар мастӣ шавад
Чун шӯии масту хароби онгоҳи ноз оғоз кун
Нозу мастии дилбарон бар ошиқони зебо буд
Нозро бо мастии андари дилбарӣ дмсоз кун
Гар шикори хеш хоҳӣ кард ҷумлаи халқ ро
Зулфро гуҳ чун каманду гуҳ чу чанг боз кун
Меҳри ту гарданкашонро сайд ту кард онгаҳе
Подшаҳи имрӯзи гаштӣ дар ҷаҳон овоз кун