Ғарибу ошиқам бар ман назар кун

Ба назд ошиқони як шаб гузар кун

Бибин он рӯй зарду чашми гирён

зи бади аҳдии дили худро хабар кун

Турои рухсат ки дод эй меҳр парвар

Ки ҷони ошиқони зер ва зибр кун

На бас корӣаст куштани ошиқон ро

Бирав фармон бару кор дигар кун

Сенае рафт ва бо худ баради ҳиҷрон

Ту номаши ошиқи хаста ҷигар кун

Валикин чун саҳаргоҳон бинолад

зи оҳ ӯ саҳаргоҳон ҳазар кун