То кӣ аз ишвау баҳонаи ту

Чанд азин лобау фасонаи ту

Шӯру ошӯб дар ҷаҳон афганд

Ғамзаи чашми ҷовдонаи ту

Ҳеҷ ошӯб нест дар олам

Ин чаҳ фитнаи сет дар замонаи ту

Каъбаи ошиқони сӯхтаи дил

Ҳаст имрӯзи остонаи ту

Ошиқонати ҳаме тавоф кунанд

Гирди кӯйу саройу хонаи ту

эй ҳумоюн эй Кебеки хиром

Дили ушшоқи ошиёнаи ту

Ошиқонати ҳаме ба ҷон бихаранд

Анда ишқи ҷовдонаи ту