Барадем боз аз мусулмонии зиҳии кофари бача
Кардем бандӣу зиндонии зиҳии кофари бача
Дар миён кам занони андари сафи арбоби ишқ
Ҳар замон боз бинишонӣ зиҳии кофари бача
Куштану хӯни рехтан дар кофарӣ
Нест ҳаргиз бе пушаймонии зиҳии кофари бача
Нест бар даргоҳи султони ҳечкасро дайни дуруст
То ту бар даргоҳи султонии зиҳии кофари бача
Юсуфи мисрии туе каз ишқи ту гирди ҷаҳон
Ҳаст сад ёқӯби канъонии зиҳии кофари бача
Дар мусулмонии магар аз кофарӣ боз омадӣ
То барандозии мусулмонии зиҳии кофари бача
Бо рух чун чашмаи хуршеду зулф чун салиб
Тоза кардӣ кеши насронии зиҳии кофари бача
Ҳар замонӣ бо сенае дар харобот эй писар
Сад либосоти аҷаби донеи зиҳии кофари бача