Зон чашми пар аз хумори сармаст

Пар хӯн дорам ду дидаи пайваст

Андари аҷабам ки чашми он моҳ

Нохӯрдаи шароб чун шавад маст

ё бар дили хаста чун занад тир

Бедасту камону қабзау шаст

Баси кас ки зи ишқи ғамза ӯ

Зуннор чаҳор кард бар баст

Барад ӯ дили ошиқони офоқ

Печанд бар он ду зулф чун шаст

Чун донист ӯ ки фитна бар хост

Мутаворӣ шуд ба хона бинишаст

Як шаҳри азу ғарив доранд

Зон нест шигифти ҷой он ҳаст

Доранд ба пои дили азуи банд

Доранд ба фарқи сари азуи даст

То азми ҷафо дуруст кард ӯ

Дасти ҳама ошиқонаш бишикаст