Мо фарши бузургӣ ба ҷаҳон боз кашидем

Сад гӯнаи шароб аз каф иқбол чашидем

Он ҷой ки Аброр нишастанд нишастем

Ваон роҳ ки аҳрор гузиданд гузидем

Гӯши худу гӯши ҳама ороста кардем

Аз баси сухани хуб ки гуфтем ва шунидем

Аз рӯй сахои ҳосили даҳ малик бидодем

Бо асби шарафи манзил на чарх буридем

Ногоҳ бузади мқръаҳи марги замона

Мо ноӣ равони рӯи сӯии уқбои бдмидим

Дидем ки дар ӯҳдаи сад гӯна ваболем

Худро ба яке ҷони зи ҳама боз харидем

Пас ҷумла бидонед ки дар олами подош

Онҳо ки дарин роҳ бидодем бидидем

Доданд муҷозот ба бандӣ ки кушодем

Карданд мукофот ба ранҷӣ ки кашидем

Моро ҳамаи мақсӯд ба бахшоиши ҳақ буд

Алмнҳллаҳ ки ба мақсӯд раседем