Гар айб кунӣ ки зор май нолам

Ман зори зи ишқи ёр май нолам

Булбул чу бидид гул бинолад ман

Бе дилбари гули изор май нолам

Аз ишқи гули Рахши бсди дастон

Дилсӯзтар аз ҳазор май нолам

Бе қомати ҳамчуи сарв ӯ доим

Чун фохта бар чанор май нолам

Дар чанги фироқи оҳанӣни панҷа

Борӣк шудам чу тор май нолам

Гарчи ба насиҳатами хирадмандон

Гӯйанд фиғони мадор май нолам

Чун деги пуроб бар сари оташ

Май ҷӯшаму зори зор май нолам

Чун чанги фиғонам ихтиёрӣ нест

Аз дасти ту эйнигор май нолам

То ҳамчуи ним даҳон наҳй бар лаб

Давр аз ту рубоби вор май нолам