эй боғи некуии гул рӯй туро чаман
Гул дар чамани даридаи зи шавқи ту перҳан
Зинда диласт мурдаи ишқи ту дар лаҳад
Ҷон парвараст куштаи теғи ту дар кафан
Мо бе ту ҳамчуи мурғ ба дом андарем ва ту
Дар боғ май хиром чу товус дар чаман
Дар зери поят аз арақ рӯй хуби хеш
Насрини гулоби рехта бар барги Настаран
Хуй бар рухи ту эй гул аз андоми ту хаҷал
Гӯйӣ ки қатраҳои гулобаст бар саман
Хубони рӯзгор ба пеши ту эй нигор
Чун анҷуманд пеши мае бадари анҷуман
Райҳон чу бехи худ ба замини сари фурӯи барад
Фардо ки ту бунафшаи барории зи ёсуман
Гар бӯсае аз он лаб мегаван расад ба сайф
Маст аз нишот рақс кунад рӯҳ дар бадан
Васли ман ва ту дайр муяссар шавад аз онк
Ҳарҷо ту омадӣ биравам ман зи хештан