эй чашми ман аз рухи ту равшан
Чашмӣ ба киришма бар ман аФгн
Акнӯн ки ба дидан ту мо ро
Шуд чашм чу оби дидаи равшан
Ҷону дилу ақл ҳар се ҳастанд
Дар ишқи ту чун ду чашми як тан
эй мардуми чашми дили хаёлат
Дорам зи ту ман дарин нишеман
Дар ҷомаи танӣ чу ресмонӣ
Дар синаи дилӣ чу чашми сӯзан
Дил дар талаб ту ҳаст фориғ
Чун мардуми чашм аз давидан
Рӯй ту ба некуии мау нур
Чашми ману хоби обу равған
Шуд чашми бадви забони бдгўӣ
Андари ҳақи ту зи ҳиммати ман
Нобӣнои ҳамчуи чашми наргис
Ногуё чун забони сӯсан
эй дилбари дӯсти ту ҳаме бош
Эмини пас азин зи чашми душман
То чашм буд ниҳода дар сар
То ҷон бошад наҳуфта дар тан
Аз рӯй ту чашм барнадорем
Каз рӯй ту ҷони мости гулшан