Бунаи ойӣнае андари баробар

Дар ӯ бингар бибин он шахси дигар

Яке раҳи бози байн то чист он акс

На инаст ва на он пас кист он акс

Чу ман ҳастам ба зоти худ муайян

Надонам то чаҳ бошад сояи ман

Адам бо ҳастӣ охир чун шавад зм

Набошад нуру зулмат ҳар ду бо ҳам

Чу мозӣ нест мстқбли мау сол

Чаҳ бошад ғайр аз он як нуқтаи ҳол

Яке нуқтааст ваҳмӣ гашта сорӣ

Ту онро ном карда наҳри ҷорӣ

Ҷуз аз ман андари ин саҳро дигар кист

Бигӯ бо ман ки то савт ва садо чист

Арз фонӣаст ҷавҳар зу мураккаб

Бигӯ кӣ буд ё худ кӯи мураккаб

зи тӯлу арз ва аз умқаст аҷсом

Вуҷӯдӣ чун падед омад зи эъдом

Аз ин ҷинсаст асли ҷумлаи олам

Чу донистӣ биор имону Фолзм

Ҷуз аз ҳақ нест дигар ҳастӣ алҳақ

Ҳўолҳқи гӯ вагар хоҳии ано алҳақ

Намӯд ваҳмӣ аз ҳастӣ ҷудо кун

Нае бегонаи худро ошно кун