Висоли ҳақи зи халқят ҷудоӣ аст
зи худ бегонаи гаштан ошноӣ аст
Чу мумкини гирди имкони брФшонд
Ба ҷузи воҷиб дигар чизе намонад
Вуҷӯд ҳар ду олам чун хаёл аст
Ки дар вақти бақои айн завол аст
На махлуқаст он кӯи гашти восил
Нагӯяд ин суханро марди комил
Адам кӣ роҳ ёбад андари ин боб
Чаҳ нисбати хокро бо раби арбоб
Адами чбўд ки бо ҳақ восил ояд
Ваз ӯ сайру сулӯкӣ ҳосил ояд
Ту маъдӯму адами пайвастаи сокин
Ба воҷиб кӣ расад маъдӯми мумкин
Агар ҷонат шавад зини маънии огоҳ
Бигӯе дар замони астағфируллоҳ
Надорад ҳеҷ ҷавҳар бе арзи айн
Арзи чбўд ки лои ибқии замонин
Ҳакимӣ кандар ин фан кард тасниф
Ба тӯлу арз ва умқаш кард таъриф
Ҳиўлӣ чист ҷузи маъдӯми мутлақ
Ки мегардад бадви сӯрати муҳаққиқ
Чу сӯрат беҳиўлӣ дар қадам нест
Ҳиўлӣ низ бе ӯ ҷуз адам нест
Шудаи аҷсоми олами зини ду маъдӯм
Ки ҷузи маъдӯм аз эшон нест маълум
Бибин моҳиятро бе кам ва беш
На маъдӯм ва на мавҷӯдаст дар хеш
Назар кун дар ҳақиқати сӯии имкон
Ки ӯ бе ҳастӣ омад айни нуқсон
Вуҷӯди андари камоли хеш сорӣ аст
Тааюнҳо умӯр эътиборӣ аст
Умӯр эътиборӣ нест мавҷӯд
Адад бисёр ва як чизаст маъдӯд
Ҷаҳонро нест ҳастӣ ҷузи маҷозӣ
Саросари кор ӯ лаҳвасту бозӣ