Бар он рухи нуқтаи холаш басит аст

Ки асли маркази давр муҳӣт аст

Аз ӯ шуд хати давр ҳар ду олам

Ваз ӯ шуд хати нафасу қалби одам

Аз он ҳоли дили пурхӯн табоҳ аст

Ки акси нуқтаи хол сиёҳ аст

зи холаши ҳоли дили ҷузи хӯн шудан нест

Каз он манзили раҳи берун шудан нест

Ба ваҳдат дар набошад ҳеҷ касрат

Ду нуқта набӯд андари асли ваҳдат

Надонам хол ӯ акси дили мост

Ва ё дили акси хол рӯй зебост

зи акси хол ӯ дили гашти пайдо

Ва ё акси дил онҷо шуд ҳувайдо

Дили андар рӯй ӯ ё ӯст дар дил

Ба ман пӯшида шуд ин рози мушкил

Агар ҳаст ин дили мо акси он хол

Чаро мебошад охири мухталифи ҳол

Гуҳӣ чун чашми махмураш хароб аст

Гуҳӣ чун зулф ӯ дар изтироб аст

Гуҳии равшан чу он рӯй чу моҳ аст

Гуҳии торик чун хол сиёҳ аст

Гуҳии масҷид буд гоҳе кунишат аст

Гуҳии дӯзах буд гоҳе биҳишт аст

Гуҳӣ бартар шавад аз ҳафтуми афлок

Гуҳӣ уфтад ба зери тӯдаи хок

Пас аз зуҳд ва вараъ гардад дигар бор

Шаробу шамъу шоҳидро талабкор