Аз он гулшан гирифтам шамае боз

Ниҳодами ном ӯро гулшани роз

Дар ӯ рози дили гулҳо шукуфта аст

Ки то акнӯн касе дигар нагуфта аст

Забони сӯсан ӯ ҷумла гуёст

Ъиўни наргис ӯ ҷумла биност

Тааммул кун ба чашми дили якояк

Ки то бархезад аз пеши ту ин шак

Бибин манқӯлу маъқӯлу ҳақоиқ

Мусаффо карда дар илми дақоиқ

Ба чашми мункирии мангар дар ӯ хор

Ки гулҳо гардад андари чашми ту хор

Нишони ношиносӣ носипосӣ аст

Шиносои ҳақ дар ҳақ шиносӣ аст

Ғарази зини ҷумлаи он каз мо кунад ёд

Азизӣ гуядам раҳмат бар ӯ бод

Ба ном хеш кардам хатму поён

Илоҳии оқибати Маҳмӯди гардон