Хушо вақти касони аҳди Меҳдӣ
Хушо он кӯдакони маҳди Меҳдӣ
Ки ҳар илмӣ ки бошад зиракон ро
Алиф бо то буд он кӯдакон ро
зи илмаши халқи олам илм гиранд
зи дайнаши мушрикони ҳам дайн пазиранд
Ҳамаи як табъ гардад халқи олам
Намонад куфр дар авлоди одам
зи машриқ то ба мағриби нури имон
Фурӯ гирад намонад куфру исён
Битобад нури илми ман ладуннӣ
Ҳама яксон шавад шиъӣу суннӣ
Ҳар он сиррӣ ки ҳаст имрӯзи пинҳон
зи илми хештан пайдо кунад он
Чу Меҳдӣ бошад онҷои адли густар
Барандозади зи олами ҷавр яксар
Якояк сӯраташ пайдост бар ҷой
Аз он мемонад ӯ он рӯз бар пой
Баён сӯраташ гӯйанд тафзил
Румуз ҳикматаш гӯйанд тٱўил
Намонад дар миёнаи ҳеҷ даъвӣ
Ки сӯратҳо яке гардад ба маънӣ
Намирад ҳеҷ кас дар ҷаҳли он рӯз
Ки бошад илмашон бар ҷаҳли фирӯз
Таманно бошад онҷои мурдагон ро
Ки як бор дигар ёбанд ҷон ро
Ки то аз ҷаҳли куллӣ давр гирданд
зи нури илм ӯ пурнур гирданд
Раҳи ирфони нафас худ биёбанд
Бидон ирфон ба сӯй ҳақ шитобанд
Бар ояд офтоб аз кӯии мағриб
Битобад нури худро сӯии мағриб
Шавад онгаҳ дар тавба ба занҷир
Наёбади ҳеҷ тавбаи кӯдаку пер
Шавад ин ҳоли наздики қиёмат
Зиҳии давлат агар бинии тамомат