Ба куллӣ даври шӯ аз расму одат
Бигӯ аз ҷону дили қавли шаҳодат
Бирав дар пеш кун як роҳи ҷон ро
Ки қадре нест ақволи забон ро
Ба ихлос ва яқин кун кори худ рост
Ки ҳақ аз бандагони худ ҳамин хост
Бигӯям то бадоне чист ихлос
Ки қавлу феъли ту ҳақро буд хос
Шаҳодатро ҳуқуқи сет ва ҳудӯд аст
Чу бишносӣ ва бигзорӣ чаҳ суд аст
Ту пиндории бад-ӣни қавли рстӣ
Шавад фардои ҳморт зонка мастӣ
Мусулмон нест аз ту ҷузи забонат
Мунофиқи ин буд кардам баёнат
Нифоқ эй бе хабари чизе дигар нест
Забони гӯйону дилро зон хабар нест
Мусулмон гашта акнӯн ба як узв
Ба кули шӯ зонка нофеъ нест як ҷузв
Агар дил бо забон яксон кунӣ ту
Ҳар ончат гуфт ҳақ фармон кунӣ ту
Мусулмон ҳақиқат гашта бошӣ
зи ширк мушрикон бигузашта бошӣ