Ҳар куҷои илм ва қудратаст он шайъ

Сомъасту басиру мадраку ҳӣ

Илму қудрат чу наът ҳар зинда аст

Басару самъ аз ӯ намоянда аст

Ғайриилмаст ин сифоти варо

Нест илми ваз илм нест ҷудо

Дӣданӣу шунидании ҳама ӯ

Ҷумла донад чунонк ҳаст накӯ

Илмро нест ҳоҷат аз аъзоъ

Хоссаи феъли илми зоти худо

Дӣданӣу шуниданӣ ба вуҷӯд

Ҳаст мавқуфи шоҳиду машҳӯд

Ваон на мавқуфи ҳис ва эҳсос аст

Ғайр аз ин айни шаку васвос