Феъли ҳақро дигар зи кӯри дилӣ

Ғаразӣ хос кард мӯътазилӣ

Бози ислоҳи ҳол ҳар банда

Кард воҷиб бар офаринанда

Баъд аз он илтизом кард маҳол

Ки ҷазоро гирифт аз аъмол

Ҳамаи ин шоху бех худбинӣ аст

Бору барги дарахт бединӣ аст

Ҳар дарахтӣ каз асл каж бархест

То қиёмат дигар нагардад рост

Дар қазои ҷумлаи чизҳо баҳам аст

Дар қадари пеш ва пас , фузун ва кам аст

Давру наздик дар зуҳӯр афтод

Зот ҳастӣ аз ин ду давр афтод

Шебу болоу пеш ва пас , чапу рост

Ҳама аз ин ду вазъ ва ҳиأт хост

Ҳама аз даври чарху кӯри замон

Бар ҳақиқат ҳаме фитад ҳдсон

Гар хаёл замона бархезад

Азалат бо абад даромезад

Хоси бинӣ ки айн ом шавад

Ҳол​ҳои ҷумлаи як мақом шавад

Кул шавад ҷумлаи куллӣу ҷузъӣ

Бинмоанд дигар манӣу тўӣӣ

Назд ман равшанаст худ ин роҳ

Гар туро дида нест « лоокроаҳ »