Асару феъли нафаси инсонӣ
Нест андари вуҷӯди пинҳонӣ
Нутқу ройу қиёсу андеша
Фикру ҳадсу фаросату пеша
Ин ҳама гуфту гӯии илму баён
Асари лутфи нафаси нотиқаи дон
Ҳар ки дорад ду чашми бинанда
Фарқ донад зи мурда то зинда
Одамии ҳеҷ вақт дар кам ва беш
Нашавад ғофил аз ҳақиқати хеш
Ҳама вақте ба хобу бедорӣ
Ҳаст дар кори хештани дорӣ
Ман манам гарчи бошам андари хоб
Кист он ман бигӯ ки чист ҷавоб
Андари исботи зоту нафаси аном
Нас « ман амри рабӣ »аст тамом
Баъд аз он амр ва халқ кард ҷудо
То бидонад ки чист амри худо
Амр бевоситааст аз ӯ содир
Халқ аз асбобу воситаи зоҳир
Амр « рабӣ »у нафх « ман рӯҳӣ »
Чист ҷузи рӯҳи қудси сбўҳӣ