Ҳар лаҳзаи сайли дида ба хӯн мекашад маро
Савдои гесуят ба ҷунун мекашад маро
Гар ба ваъдаҳои дил хилофат кашад равост
Сӯии сароби сӯз дарун мекашад маро
То ишқ дар даруни дили ман қарор ёфт
Аз коргоҳи ақл бурун мекашад маро
Ман аз каманди зулф туам бар ҳазари равон
Чашмат ба соҳирӣ ва фусун мекашад маро
эй шоҳидии гузари зи фусуни хирад ки ёр
Дар ҳалқаи ҷунун ба фунун мекашад маро