Чаро зи дарди ғами ёри худ бағам бошем
Хушо дамӣ ки ба дарду ғамаш ба ҳам бошем
Ба тоҷу тахти шаҳони сари фурӯ наме орем
Агар чаҳ аз саги кӯяш ба қадар кам бошем
Ба молу ҷоҳ ҷаҳон нест эҳтишом валек
Гадои кӯй ту бошем муҳташам бошем
Ниҳодаем ба роҳат ҳамеша чашми умед
Қадам ба дидаи мо на ки дар қадам бошем
Чу шоҳидӣ ба дар дӯст мебарем ниёз
Умед ҳаст казин боб муҳтарам бошем