То дил ба қайди зулфи дили ором баста ем

Бар дидаи хоб ва бар ҷигари ором баста ем

Савдои ёр дар сару сар дар каманди зулф

Ин уқдаи байн ки мо ба саранҷом баста ем

Мо аз мақоми сидқи сари кӯяш аз сафо

Бо ашк ғусл кардау эҳром баста ем

Савдои васл ӯ ки ба деги димоғи мост

Дар пухтанаши басии тамаъи хом баста ем

Кас дар бало ба коми дил хештан нарафт

Мо дил ба дарду доғ ба ноком баста ем

эй шоҳидии зи доми ду зулфаши мҷуи халос

То интиҳои умр дар ин дом баста ем