Моием зи ишқи масти рафта
Фориғи з ҳар ончӣ ҳаст рафта
Бар даргаи шоҳи малики хӯбӣ
Бо зиллат ва бо шикасти рафта
Аз ҷумлаи алойиқу ъўоиқ
Якбор бишуста дасти рафта
Бо қомати ту санавбару сарв
Ҳар як зада лофу пасти рафта
Дар зулфи ту бастаи шоҳидии дил
Бингар чаҳ бигиру басти рафта