Хушо шаб то саҳар бо ӯ нишаста
Фурӯзони шамъу рӯ дар рӯ нишаста
Салоҳу ақлро як сӯи ниҳода
зи ғайри ишқ ӯ як сӯ нишаста
Назар бар қомат чун сарви нозаш
Ба ҳайрат бар канор ҷӯ нишаста
зи сӯзи ҳиҷр ӯ ҳар лаҳзаи доғист
Марои андари бен ҳар мӯ нишаста
Нахонам сӯии ҷинати дигар эй шайх
Чу бинӣ бар сари он кӯ нишаста
Ба ҷони шоҳидии чашмат чаҳ ҳо кард
Ба зери тоқи он абрӯ нишаста