эй тоқи ду абрӯии ту миҳроби ҷабин ҳо
Хоки сари кӯии ту ба аз хулди барин ҳо
Гуфтӣ ки манам сарвару срҳлқаҳи хубон
эй шоҳ касе нест шаку шубҳаи дарин ҳо
Аз шарми лаби лаъли ту сарчашмаи ҳайвон
Андар зулмотаст ниҳони зери замин ҳо
Бо зулфу хату хол ва ду чашму хаму абрӯ
Ҳасани ту барангехти басии фитнаи барӣн ҳо
Сарҳо ҳама шуд хок ва ту ошӯби ҷаҳонӣ
Лутфӣ кун ва бигузар ба карам аз сари ин ҳо
То кӣ бикашам ҷавр ва ҷафоҳои рақибон
Баркаш зи миёни теғ ва халосам кун аз ин ҳо
эй шоҳидӣ ар ёри турои аҳд ва вафо нест
Хуш бош ки ин ҳо набӯд одати ин ҳо