Чу ҷони хаёли лабаш дар дарун бигардонад

Даруни пардаи диламро ба хӯн бигардонад

Агар чаҳ ақл ба тадбир мекашад дил ро

Фусуни чашми тўош бо фунун бигардонад

Хирад ки мӯии шикофад ба фану донишу ҳуш

Қазои собиқу тақдир чун бигардонад

Табиби дарди сари худ ҳаме диҳад ҳайҳот

Ки бо даввори димоғи ин ҷунун бигардонад

Чу шоҳидӣ ба рахти ишқ аз фасона набохт

Чигуна рухи зи ғамат бо фусун бигардонад