Тарсами он сарвари хубони ситамаш ёд ояд
Тоҷ бар сар наад ва бар сар бедод ояд
Сӯзад аз оташи дили хору хаси роҳи туро
Ошиқ аз ҷониби кӯии ту ба фарёд ояд
Гарчи дил рафт ба кӯии туу баси ғамгин буд
Ҳаст умедам ки зи лутфи ту басӣ шод ояд
Ҳамаи хубони ҷаҳони миннат машшота кунанд
Дилбари мост ки бо ҳасан худодод ояд
Мужда васл диҳад ҳар саҳарами боди сабо
Чун ғуборӣ буд он ваъда ки бо бод ояд
Дар мақомӣ ки буд ишқ чу тифлӣаст хирад
Кӯ ба таълими адаби ҷониб устод ояд
Шоҳидиро ҳаваси дарду ғам ишқ намонад
Агар ин бори зи банди ғамаш озод ояд