Бар гулат аз арақ гулоб афтод

Чун хаёли қадат дар об афтод

Шуд парешон чу зулфи мишкӣнат

Абр бар рӯй офтоб афтод

Бар хаёлат чу хайма зад дили ман

Риштаи ҷон бар ӯ таноб афтод

Сарв шуд сарнигӯн ба побӯсат

Чун хаёли қадат дар об афтод

Дил ба ҷӯш омад аз ҳарорат май

Рафт ва дар хайма ҳубоб афтод

Ашки гулгуни ман зи гарм рӯй

Ба сар аз ғоят шитоб афтод

Шоҳидиро мудом дар ту буд

Чун лабат дид дар шароб афтод