Лаъли лаб ту шифост мо ро
Дарди ту ҳама давост мо ро
То гашти ҷудои дилами зи теғат
Ҳар лаҳза ғам ҷудост мо ро
Дили оина ҷамол ёраст
Зини оина пар сафост мо ро
Гуфтӣ бикашам туро баҷое
Ин саъд бигӯ куҷост мо ро
Гар ҳаст туро ҳавои қатлам
Бо ллаҳ ки ҳамин ҳавост мо ро
Гар холу хати ту машк хонем
Бо хати ту бас хатост мо ро
эй шоҳидӣ аз ғамаш чаҳ нолӣ
Ҷавраш ҳамагӣ сазост мо ро