Кардӣ зи ғами обод чу кошонаи мо ро

Бозо ва бибин мӯниси ҳам хонаи мо ро

Магузор ки вайрона шавад аз ғами ҳиҷрон

Обод чу кардӣ дили вайронаи мо ро

Зулфи ту чаҳ ҳоҷат ки биорад ҳамаи занҷир

Як силсила зон баси дили девонаи мо ро

Парвонаи дил дар талаби шамъи рухи тест

Парво накунад шамъи ту парвонаи мо ро

эй дида чу дарё бишудӣ дар бФшондӣ

Овар баназари он дар як донаи мо ро

эй шоҳидӣ ар марди раҳеи рӯ ба раҳе кун

Бингар равиши кӯшиши мардонаи мо ро