Чу чашми ту ман фитна ҷӯӣ надорам

Чу зулфи ту ошуфта хуӣ надорам

Чунон кард ишқати марои пеши мардум

Ки ҷузи ашки худ об рӯе надорам

зи ашкам ба ҳар сӯ равон гашта ҷӯӣ

Ҷузи он сарви қади ҷуст ва ҷӯӣ надорам

зи савдои зулфи ту девонаи гаштам

Ҷузи он зулфи пурвой мӯе надорам

Бикаш шоҳидиро ба захмӣ ба теғат

Ки ман ғайр аз ин орзӯе надорам