Чун дар сифати он лаби шукр шикан оем

Бо маънии баси нозуку ширин сухан оем

Бо сарв ва санавбар нашавад мултафитами дил

Бе қомати раънои тугар дар чаман оем

Тӯтии сифатам рӯй дар ойина ба пеши ор

То сӯрати худ байнаму андар сухан оем

Чун ғунча ба фикри даҳанати перҳан аз шавқ

Сад пора кунам тири зи дили хунин бадан оем

Аз боғи ҷамоли ту аҷаб нест агар ман

Бо сарву гулу сунбул ва бо ёсуман оем

Фикрам ба хаёлоти миёни ту чу танг аст

Бо танг вале ҳам ба хаёл даҳан оем

эй шоҳидӣ аз меҳнати ғурбати гила то чанд

Кӯи зоди раҳу роҳила то бо ватан оем