Ман ки чун шамъ аз ғамат бо сӯзи дил дар ханда ам

Нест тадбирӣ ба ғайр аз сӯхтан то зинда ам

Ҳамчуи миҷмар , синае пуроташу анфоси хуш

Ҳамчуи соғар , бо дили пурхӯну лаб пурханда ам

Гар ба шамшери сиёсат май навозӣ , ҳокимӣ

Вар ба ташрифи ғуломӣ май пазирӣ , банда ам

Дар ҳавояти барги айшами ҳамчуи гул бар бод шуд

Венаи замон умрӣаст то аз хон ва мон барканда ам

Теғи ту сар дар наме орад ба хӯнам , лек ман

Хештанро дар миёни куштагон афканда ам

Як шаб аз фарёди ман хобӣ ба осоиш накард

Рӯзҳо шуд каз саги кӯяши бад-ӣн шарманда ам

Гуфтае : шоҳӣ намемерад чу шамъ аз тоби ғам

Ман ба сӯзи ишқи бирёнам , аз он тобанда ам