Манам бо дард ҳамзону нишаста
зи малики офияти як сӯ нишаста
Куҷо рафт онкӣ май гуфтеми шаб ҳо
Ғами дил бо ту рӯ дар рӯ нишаста ?
Даруни дили хаёли қоматат , рост
Маро тирӣаст дар паҳлу нишаста
Манам пайваста дар савдои зулфат
зи ғами сар бар сар зону нишаста
Маро гуфтӣ : бар ин дар кист шоҳӣ
Ғуборӣ бар сари ин кӯ нишаста