Гар на обаст асл гавҳар чист

Ҷавҳари гавҳар мунаввар чист

Ҳамаи олам чу гавҳарӣ дарёб

Бо ту гуфтам бидон ки гавҳар чист

Нуқта дар давр доира бинмуд

Гарна обаст ин мудаввар чист

Хати фосили миёни зулмату нур

Ҷузи вуҷӯди музоф дигар чист

Гар на месоғарасту соғар май

Дар ҳақиқат бигӯ ки соғар чист

Назд мо мавҷу баҳр ҳар ду яке аст

Ба ҷуз аз оби айн мазҳар чист

Ҷом гетӣ намост яъне дил

Ба каф овар бибин ки дилбар чист

Олимӣ аз вуҷӯди мавҷуданд

Кас нагӯяд вуҷӯди худ бар чист

Гар якеро ҳазор бишуморӣ

Он ҳамаи ҷузи яке мукаррар чист

Гар бадонеи ҳақиқати инсон

Бози ёбӣ ки садр масдар чист

Нақши олам хаёл ӯст бибин

Варна маънии ин мусаввир чист

Ба мисли гар намӯд ҳақи ҷўӣӣ

Ҳалқаи симу хотам зар чист

Лавҳи маҳфӯзро равон ме хон

То бадоне ки асл дафтар чист

Гарна обу ҳаёт маърифат аст

Айн кавсар бигӯ ки кавсар чист

Базм ишқасту ошиқони сармаст

Ба аз ин ҷинат эй бародар чист

Гар нгўӣӣ ки Мустафо ҳақаст

Бозуии зулфиқор ва ҳайдар чист

Неъмати аллоҳи мазҳар ишқ аст

Мункир ӯ ба ғайр кофар чист