Марди мардонаи шоҳ мардон аст

Дар ҳамаи ҳоли мард мардон аст

Дар вилоят вале волӣ ӯст

Бар ҳамаи коинот султон аст

Сайиди авлиёи алӣ вале

Онкӣ олам танаст ва ӯ ҷон аст

Гарчи ман ҷон оламаш гуфтам

Ғалатӣ гуфтаам ки ҷонон аст

Бе влои алӣ вале нашӯй

Гар туро сад ҳазор бурҳон аст

Ибн ъам расӯли ёри худо

Он Халифаи алӣ умрон аст

Юсуфи Миср оламаш хонам

Шоҳи табризу мейр ӯ ҷон аст

На фалак бо ситорагони шабу рӯз

Гирди давлати сароаш гардон аст

Дигаронгар хилоф ӯ карданд

Лоҷарами ҳолашон парешон аст

Воҷибаст инқиёд ӯ бар мо

Хизмати мо ба қадар имкон аст

Ҳасб ва ҳам насаб буд ба камол

Амалу илм ӯ фаровон аст

Меҳр ӯ ганҷу дил чу ганҷина

Хона беганҷ , кунҷ вайрон аст

Бар дар кибриёии ҳазрат ӯ

Шоҳи олами паноҳ дарбон аст

Дӯстии расӯлу оли расӯл

Назд муъмини камол имон аст

Ботнои шамс ва зоҳиран моҳ аст

Нур ҳар ду ба халқ тобон аст

Рӯи ризои алии бадаст овар

Гар туро иштиёқ ризвон аст

Ёдгор Муҳамадасту алӣ

Неъмати аллоҳ ки мейр мисатон аст