Дил ба дилбари ҷон ба ҷонон дода ем
Банда ӯ вази ҳама озода ем
Аз сар ҳар ду ҷаҳон бархестем
Бар дар майхонаи маст афтода ем
Ошиқона дар хароботи Муғон
Рӯ ба даргоҳ яке биниҳода ем
Бар тариқи ошиқон мо раҳравем
Лоҷарам чун раҳравон бар ҷода ем
Дар хароботи Муғони масти хароб
Хуш дар майхонае бигушода ем
Зоҳидии мо ҳама бар бод рафт
Ҳамдами ҷому муҳиб бода ем
Неъмат аллоҳему зи оли расӯл
Гавҳар покем ва на биҷодаҳ ем