То ҷамолаш дидаам ҳайрон шудам
Ҳамчуи зулфаш бесар ва сомон шудам
Офтоби ҳасан ӯ чун рӯ намӯд
Ман чу соя аз миён пинҳон шудам
Ҷоми дарду дарди ишқаш хӯрда ам
Мубталои дард бедармон шудам
Мутриби ушшоқи шеърӣ хуш бихонад
Ман ба завқи он ғазал рақсон шудам
Дар хароботи Муғони масту хароб
Ҳамдами соқӣ михўорон шудам
Нақди ганҷи ишқ ӯ додам аз он
Сокини кунҷи дил вайрон шудам
Банда Сайид шудам аз ҷону дил
Дар ду олами лоҷарам султон шудам