Оқилӣ будам ба ишқи ёр девона шудам

Ошноӣӣ ёфтам азхўиш бегона шудам

Риштаи шамъи вуҷӯдами оташ ишқаш бсухт

Орифона бо хабар аз завқ парвона шудам

Омадами риндона дар кӯии хароботи Муғон

Ҷом майро нӯш кардам боз мастона шудам

Муддатӣ бо зоҳидӣ дар зовия будам муқӣм

Чун надидам ҳосилии дигар ба майхона шудам

Рози ҷонона агар ҷўӣӣ биҷӯ аз ҷони ман

Зон ки ҷон кардам фидои ҳамроз ҷонона шудам

Хам майро сар гушӯдам ҷом медорам ба даст

Тавбаро бишикастам ва дар банд паймона шудам

Чашми масти неъмати аллоҳ дар назар дорам мудом

Айби ман кам кун агар сармаст ва девона шудам