Хабар аз дил агар пурсӣ манам каз дил хабар дорам

Ба чашм ман бибин рӯйиш ки доим дар назар дорам

Манам сӯфии малики дил ки бошад шукр ӯ вирдам

Манам аттори шаҳри ҷон ки дар дукон шукр дорам

Мрўо ӣ ошиқи содиқ ки ман маъшӯқи ҷононм

Биё эй булбули шайдо ки ман гулҳои тар дорам

Манам он шамъи мумин дил ки май сӯзам ба ишқ ӯ

Замир равшанам бингар ки чун дар ҷон шарар дорам

Ту аз мегаштае махмур ва ман сармаст соқем

Туро чиз дигар доданд ва ман чиз дигар дорам

з ҳар хокӣ ки май бинӣ дар ӯ кон зарӣ бошад

зи ман ҷӯи нақди ин маънӣ ки дар дарё гуҳар дорам

Агар азми сафари дории биё то раҳбарат бошам

Ки то гўӣӣ дар ин олам чу Сайид роҳбар дорам