Ишқ ӯ дар миён ҷон дорам

Ошиқи ишқ чун баон дорам

Дар хароботи маст май гирдам

Майли хотир ба ошиқон дорам

Ҳар чаҳ дорам зи сӯрату маънӣ

Ҳама бо ёр дар миён дорам

Бо ман аз васлу ҳиҷри камтари гӯй

Ки фароғат аз ин ва он дорам

Кори ман ошиқӣу михўорист

То ки ҷон дар бадан равон дорам

Бо ҳарифони ошиқи сармаст

Маҷлисии хуштар аз ҷинон дорам

Неъмат аллоҳ дорам эй дарвеш

Ганҷи султони инс ва ҷон дорам