Маст мемаломатам нест сари саломатам

Нест сари саломатами маст май маломатам

Ақл насиҳатам диҳад ишқ ғароматам кунад

Фориғ аз он насиҳатам , бандаи ин ғароматам

Ҳаст надими базми ман соқии масти ишқ ӯ

Бода хӯрам ба шодяш нест ғами надоматам

Бодаи софи ошиқони дардии дард ӯ буд

Ҳаст давои ман ҳамин то ки шавад қиёматам

Чеҳраи зарду ашк ман ҳаст гувоҳи ҳоли ман

Гар ту ндонӣ ҳоли ман нек бибин аломатам

Хирқаи зуҳд бар танам хуш нанамояд эй фақиҳ

Ҷомаи ошиқӣ буд рост ба қаду қоматам

Бандаи ҳазрати шаҳами ҳамдами неъмати аллоҳам

Дар ду ҷаҳони куҷо буд хуштар аз ин кароматам