Ғайр ӯ бо ӯ нагунҷад дар дилам
Мушкили ин ҳалу ҳали мушкилам
Аз ҷамол ӯст ҳар ҳасанӣ ки ҳаст
Лоҷарам бар ҳасани хубони моилам
Ғайр ӯ дар ҳар ду олам ҳаст нест
Ман нагӯям фосилам ё восилам
Олимӣ хоҳанд аз ман олимӣ
Ман ба эшон ҳамчуи эшон моилам
Ҷом май бар даст май нӯшами мудом
Бар дар майхона бошад манзилам
Умр ман нагузашт бе ҳосили дамӣ
Ҳосилам ишқасту некӯи ҳосилам
Сари хушам мастона мегӯям сухан
Аз забони неъмати аллоҳи қоилам