Май ишқаш ба ком май нӯшам
Дарди дардаши тамом май нӯшам
Дар хароботи ишқи масту хароб
Бодае бо қавом май нӯшам
Нӯши ҷонам ки бодаи исти ҳалол
На шароби ҳаром май нӯшам
Ошиқонаи ҳарифи хуморам
Субҳ то шоми ҷом май нӯшам
Шодӣ рӯй соқии ваҳдат
Соғар май мудом май нӯшам
Риндам ва май парасту мастона
Дам ба дам май бком май нӯшам
Сайиди базми бодаи нўшонм
Гарчи май бо ғулом май нӯшам