Манам ки ошиқи дидори ёр худ бошам

Манам ки волаи зулфнигор худ бошам

Манам ки Сайидаму бандаи худовандам

Манам ки донау доми шикор худ бошам

Манам чу пардау ҷонами амир парда нишин

Манам ки мейри худу пардаи дор худ бошам

Ба ҳар канор ки бошам аз ин миён ба яқин

Чу нек бингарам андари канор худ бошам

Ба гирди кӯҳу биёбон дигар нахоҳам гашт

Ба кунҷи дили рӯму ёри ғор худ бошам

Чаро ҷафои кашам аз ҳар касе дарин ғурбат

Ба шаҳри худ рӯму шаҳриёр худ бошам

Ба ғайри ишқ маро нест корӣу борӣ

Аз он мудоми паии кору бор худ бошам

Аз онкии ошиқу маъшӯқи нъмҳоллҳм

Ба гирди кори худу кирдигор худ бошам