Мо агар шоҳ агар гадо бошем

Дар ҳамаи ҳол бо худо бошем

Ҷумлаи асмо ба завқ ме хонем

Аз мсмои куҷо ҷудо бошем

Мавҷ баҳрему айн мо обаст

Мо дарин баҳр ошно бошем

Дардмандем ва дард ме нӯшем

Доимои ҳамдам даво бошем

Ғайр ӯ дайгарӣ наме донем

Ошиқи ғайр ӯ куҷо бошем

Дар хароботи ринд ва сармастем

Ин чунин бӯдаем то бошем

Мо чу бошем бандаи Сайид

Бандаи дайгарӣ чаро бошем