Ҳазратии ғайр ӯ наме донам
Гар ту доне бигӯ наме донам
Ҳар ки гуяд ки ғайр ӯ бошад
Машну аз вай бигӯ наме донам
Айн ӯро ба айн ӯ ҷӯям
Ба аз ин ҷустуҷӯ наме донам
Май хмхонаҳи пок май нӯшам
Кӯзае ё сабу наме донам
Бирав эй ақл ва гуфтугӯ бигзор
Мастам ва гуфтугӯ наме донам
Ҳўи ҳўи лои илоҳи алои ҳў
Ман чаҳ гӯям ҷуз ӯ наме донам
Сайиди ошиқон як рӯем
Оқилонаи ду рӯ наме донам