Буд мумкин ки ман бе ҷони бимонам
Маҳоласт инки бе ҷонони бимонам
Марои соқии ҳарифу ишқ ёр аст
намехоҳам ки аз ёрони бимонам
Давои дарди дил дардаст ва дорам
Мабод он дам ки бе дармони бимонам
Азизи Мисри ишқам эй бародар
Чу Юсуф чанд дар зиндони бимонам
Чу ӯ пайдо шавад пинҳон шавам ман
Вагар пайдо шавад пинҳони бимонам
Агар на ӯ маро бахшад вуҷӯдӣ
Ҳамеша дар адами ҳайрони бимонам
Агар на ишқ ӯ бошад далелам
Шавам гумроҳу саргардони бимонам
Агар ҷонам намонад ғам надорам
Ба ҷонони зиндаи ҷовидони бимонам
намедонам зи ғайрати ғайрат эй дӯст
Кадомаст ғайри ту то он бимонам
Шавам пайдо агар пинҳони шӯии ту
Вагар пайдои шӯии пинҳони бимонам
Чу Сайид бесару сомони бимонам
Агар зулфи парешони брФшонӣ